Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи чаҳоруми мусулмонон Амирулмўъминин Алӣ ибни Абўтолиб (р) мебошад. Китоб барои доираи васеи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад. Амирулмўъминин Алӣ ибни Абўтолиб (р) чаҳорумин халифаи рошид ва яке аз даҳ нафари ба ҷаннат башоратдодашуда мебошад. Насаб ба Ҳошимиён дорад ва аз қабилаи Қурайш, писарамаки Паёмбар (с) аст. Ва Паёмбар (с) беҳтарин духтараш Фотимаро (р) ба никоҳи ў даровард. Падари Ҳасан ва Ҳусейн (р) мебошад.
Author: Муҳаммад Алминшови
Translators: Муҳаммадиқболи Садриддин
Ин китоб як фатрае аз муҳимтарин фатраҳои торихи исломиро дар бар мегирад, ва он ҳам : Баъд аз вафоти Паёмбари Ислом то соли 61-и ҳиҷри (то кушта шудани ҳазрати Ҳусейн –Худо аз он рози бод-) мебошад. Дар фасли нахустини ин китоб дар бораи он ки таърихро чи гуна бояд омўхт ва равиши Имом Муҳаммад Ҷарири Табари роҷеъ ба таърихи Ислом баён шудааст. Фасли дуввуми ин рисолаи пурарзиш дар бораи биъсати Расули акрам (с) ва ҳодисаҳои пас аз вафоти Расули акрам (с) то соли 61-и ҳиҷрии қамари рўйдода, маълумот медиҳад ва достону ривоятҳои дурўғин ва сохтаро гўшзаду таъкид месозад ва ҳақиқати ҳолро арзёби мекунад. Фасли саввуми ин китоб ба мавзўъи адолати саҳобагон (р) ба истинод аз Қуръон ва Суннат бо баёни муҳимтарин шубҳаҳое, ки дар мавриди онҳо эрод шуда ва баёни ҳақиқат дар ин маврид бахшида шудааст. Дар фасли чаҳорум ва хотимавии рисола муаллиф ва пажўҳишгари варзида қазияи хилофати исломиро мавриди барраси қарор дода, бо овардани далелу бурҳонҳои қотеъ шарҳу тавзеҳоти ғаразнок ва ғайривоқеъии як қатор муҳаққиқонро рад мекунад.
Author: Усмон ибни Муҳаммад Ал-Хамис
Библия дар бораи Хотам-ул-анбиё Муҳаммад (с) оё чизе гуфтааст? Шайх Аҳмади Дидот яке аз маъруфтарин чеҳраҳои илми исломшиносии муосир миёни тадқиқотҳои сершумору хеле арзанда ва пурарзиши худ яке аз онҳоро маҳз ба ҳамин мавзўъ бахшида, ба ин саволи ниҳоят душворе, ки беш аз ҳазору чаҳорсад сол на танҳо олимону муҳаққиқин, балки ҳар як инсони соҳибақлро дар рўи замин маҷбур месозад сар ба зонуи тафаккур гузорад, посухи мантиқӣ гуфт. Ин тадқиқоти шайх Дидот зери унвони «Библия дар бораи Муҳаммад (с) чӣ мегўяд?» қариб ба тамоми забонҳои халқхои дунё ба чоп расида, баҳои арзандаро низ сазовор гардид.
Author: Аҳмад Дидот
Ин китоб қисми аввали аз саргузашти имом Абуҳанифа мебошад. Нависанда дар ин китоб дар бораи нашъунамо ва талаби илму, устодони имом Абуҳанифа суҳбат мекунад.
Author: Мисбоҳиддини Ҳомид
Reveiwers: Амирҳамзаи Ҳомиди Ҳанафи
Ин китобча дар бораи ҳукми тамоку ё сигор кашидан ва зарарҳои он мебошад, муаллиф баён мекунад ки сигор ба як вабои аср табдил ёфтааст. Ва чигуна бояд аз вай дури ҷуст.
Author: Муҳаммадиқболи Садриддин
Reveiwers: Мисбоҳиддини Ҳомид
Ин китоб дар бораи рузаи моҳи рамазон ва ҳукмҳои он мебошад, ки муаллифи ин китоб аз баъзе оятҳо ва ҳадисҳои Паёмбари ислом истифода бурда он ҳукмҳое ки ҳар як рузадор эҳтиёҷ ба он дорад баён мекунад, Хдованд мефармояд: "Рўзаи (моҳи Рамазон) бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна, ки бар гузаш- тагони пеш аз шумо фарз гардида буд, то ба василаи он тақво (ва худсозй) намоед».
Author: Абдушшариф Боқизода